ИА ABNA: Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, шаҳодати ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ тавассути низомиёни Амрико чеҳраи воқеии ин кишварро бори дигар ба мардум ва давлатҳои ҷаҳон нишон дод таъкид кард, шаҳодати фармондеҳони Муқовимат бояд ба ихроҷи амрикоиҳо аз минтақа биянҷомад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, саид Ҳасани Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба муносибати ҳафтумин рӯз пас аз хоксупории сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш афзуд, ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ як фармондеҳи ҷиҳодӣ ва беҳтарин парчамдори Муқовимат дар минтақа буд.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҳузури мудовими шаҳид Сулаймонӣ дар хутути муқаддами ҷабҳаҳои ҷанг дар Ироқ ва Сурия ва нақши муассири вай дар пирӯзиҳои Лубнон ишора кард ва гуфт, сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноиб раиси Ҳашад Аш-Шаъбии Ироқ омили аслии шикасти ДИИШ буданд ва илова бар мардуми Ироқ ва Сурия ҳамаи кишварҳои минтақа бояд қадрдони шаҳидони Муқовимат бошанд; зеро агар ДИИШ дар Ироқ пирӯз мешуд ҳамаи минтақаро таҳдид мекард.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ҳамлаҳои талофиҷӯёнаи Сипоҳи посдорон ба пойгоҳи Айн-Ал-Асади Амрико дар Ироқ шапотии бузурге ба шайтони бузург буд, ки ҳайбати ӯро дар ҷаҳон фурӯ рехт.
Саид Ҳасани Насруллоҳ афзуд, давлати Амрико ва қотилоне, ки сардор Сулаймонӣ ва ҳамразмонашро ба шаҳодат расонданд товони сангине хоҳанд пардохт, ки гузари рӯзҳо онро нишон хоҳад дод ва ин оғози таърихе нав хоҳад буд.
Вай таъкид кард, Ҳизбуллоҳ акнун илова бар тавони дифоъ аз худ ва Лубнон метавонад тавозун ва боздорандагӣ эҷод кунад ва ин ба баракати раҳнамудҳои раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фидокории сардор ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ҳосил шудааст.
/129
14 Январ 2020 - 05:04
News ID: 1002153
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, шаҳодати ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ тавассути низомиёни Амрико чеҳраи воқеии ин кишварро бори дигар ба мардум ва давлатҳои ҷаҳон нишон дод таъкид кард, шаҳодати фармондеҳони Муқовимат бояд ба ихроҷи амрикоиҳо аз минтақа биянҷомад.