(ABNA24.com) Дар ин маросими пуршӯр, ки ҳазорон тан аз занон ва мардони азодор бо муштҳои гиреҳкарда шиори "Марг бар Амрико", "Марг бар Исроил" , "Мо ҳама Қосими Сулаймонӣ ҳастем" ва "Амрико мунтазири интиқоми сахт бош!", пайкарҳои мутаҳҳари сардори шаҳид, сипаҳбуд Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидашро аз майдони 15 хурдод то Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ, маросими бошукӯҳ баргузор карданд ва ин шуҳадоро ба зиёрати боргоҳи муқаддаси Имом Ризо (а) бурданд.
Дар ин маросим Ҳоҷӣ Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудси"-и Сипоҳи посдорон суханронӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, пайкари мутаҳҳари сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш имшаб ба Теҳрон мунтақил мешавад ва дар ҷамъи мардум, дар Мусаллои Хумайнии Теҳрон қарор мегирад ва субҳи душанбе дар Теҳрон маросими пуршукӯҳи намози ҷаноза барпо мешавад.









































