Мардуми Эрони исломӣ дар сартосари кишвар бо баргузории роҳпаймоӣ, зимни изҳори ҳамдардӣ бо модарони шуҳадои Ғазза ва ибрози хашму асабоният аз хабосати режими саҳюнистӣ, аз маҷомеъи ҷаҳонӣ қатъи одамкушии режими манҳуси Исроилу расидагии ҷиддӣ ба мардуми осебдидаи Фаластин дар Борикаи Ғаззаро хостор шуданд.
Мардуми шаҳрҳо ва рӯстоҳои саросари Эрон имрӯз бар таваққуфи фаврии ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид карданд.
Мардуми мусулмони Эрон бо сар додани шиорҳое зидди режими Исроил, бомбаборони бемористонҳо ва куштори бераҳмонаи кӯдакони фаластинӣ дар Борикаи Ғаззаро маҳкӯм карданд.
Неруҳои муқовимати Фаластини ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи "Тӯфони Ал Ақсо"-ро аз Борикаи Ғазза зидди мавозеъи режими ишғолгари Қудс оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худу таваққуфи амалиёти гуруҳҳои муқовимат, бо кумаки Амрико ва аксари кишварҳои ғарбӣ иқдом ба бомбаборони марокизи дармонӣ ва манозили маскӯнии Борикаи Ғазза карда, ки ҳамчунон идома дорад.
342/