AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

13 Ноябр 2023

19:48:49
1411269

Тафсир. Мухолифати Ғарб бо оташбас дар Ғазза

Бо гузашти 37 рӯз аз амалиёти “Тӯфони Алақсо” ва вокуниши режими саҳюнистӣ ба ин амалиёт, бо бомбаборони бесобиқаи навори Ғазза ва куштори ҳазорон нафар фаластинӣ ва тахриби густардаи ин минтақа, аммо бархе кишварҳои ғарбии ҳамсӯ бо Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режим ҳамчунон бо оташбас дар ин ҷанги хунин мухолифат мекунанд.

Олаф Шултс, садри аъзами Олмон яке аз мухолифони сарсахти оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза аст. Садри аъзами Олмон рӯзи якшанбе гуфт, ки дархостҳо барои оташбаси фаврӣ дар навори Ғаззаро саҳеҳ намедонад, зеро дар ин сурат ҷумбиши Ҳамос фурсати бозёбии қудратро хоҳад дошт. Вай дар айни ҳол аз таваққуфҳои кӯтоҳи башардӯстона барои интиқоли маҷруҳону расонидани кумакҳо ба сокинони навори Ғазза ҳимоят кард. Риши Сунак, нахуствазири Британия низ зимни мухолифат бо оташбас дар ҷанги Ғазза як мақоми давлатиро ба далели дархост барои оташбаси доимӣ дар Ғазза барканор кард. Лондон аз дархост барои поён ёфтани ҷанги Ғазза худдорӣ карда ва танҳо таваққуфи маҳдудро пешниҳод кард то кумакҳо ба ин минтақаи таҳти муҳосира бирасад. Пол Бристо, намояндаи муҳофизакори Британия рӯзи 30 октябр аз симати худ ба унвони мушовири хусусии порлумонӣ дар вазорати улуми ин кишвар барканор шуд. Ин таҳаввулот чанд рӯзи пас аз номанигории ӯ ба Риши Сунак ва дархост барои оташбаси тӯлонимуддат миёни режими саҳюнистӣ ва гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ рух дод. Пол Бристо дар номаи дусафҳаии худ ба нахуствазири муҳофизакори Британия истидлол кард, ки оташбаси доимӣ ҷони инсонҳоро наҷот медиҳад ва муҷиби идомаи кумакҳои башардӯстона мешавад то ба дасти афроде, ки бештар ба он ниёз доранд, бирасад. Бо ин ҳол Сунак сароҳатан аз иқдоми низомии режими саҳюнистӣ алайҳи Ҳамос пас аз амалиёти ин гуруҳ дар 7 октябр дифоъ кардаву хостори оташбаси комил нашуда ва сирфан дархости «таваққуфҳои кӯтоҳмуддат» дошта, ки бо оташбас мутафовит аст. Амрико ба унвони муҳимтарин ҳомии режими саҳюнистӣ низ то чанд рӯз қабл ба шиддат бо ҳар гуна барқарории оташбас дар ҷанги Ғазза мухолифат карда ва бар мабнои ба истилоҳ “ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ”, ба Тел-Авив барои ҳар гуна иқдомоти ҷинояткорона аз қабили ҳадаф қарор додани бемористонҳо ва маҳалли таҷаммуи мардуми овораи Ғазза, ки дар амокини мутааллиқ ба Созмони Милал паноҳ гирифтаанд, чароғи сабз додааст. Бо ин ҳол, Ҷо Байден ахиран хоҳони оташбасе серӯза дар Ғазза ба манзури озодии асирон шуда буд, ки албатта бо мухолифати шадиди Натанёҳу мувоҷеҳ шуд. Албатта Байден рӯзи ҷумъаи 10 ноябр муддаӣ шуд, ки режими саҳюнистӣ бо «оташбаси башардӯстона» дар Ғазза пас аз фишорҳои Вашингтон мувофиқат кардааст. Ин иддао дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ таъкид кардааст, ки «бидуни озодии усарои исроилӣ оташбасе дар Ғазза барқарор нахоҳад шуд». Дар ҳоле ки Байден дар авоили ҷанги Ғазза ва зери ракетборони Тел-Авив тавассути Ҳамос ба Фаластини ишғолӣ барои дидору эъломи ҳимоят аз Натанёҳу ва эъломи тааҳҳуди Вашингтон барои сиёнат аз Исроил сафар кард, аммо нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳатто ҳозир ба қабули як хостаи начандон асосии раиси ҷумҳурии Амрико, яъне оташбаси башардӯстона бо ҳадафи озодии асирон нашудааст. Нуктаи қобили тавваҷуҳ ин ки Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, ки ахиран хоҳони таваққуфи ҳамалот ба Ғазза шуда буд, дар пайи вокуниши режими саҳюнистӣ аз мавзеи худ ақибнишинӣ кардааст. Гузориш: Дархости Аврупо барои оташбаси муваққат дар Ғазза Ӯ дар мусоҳибае гуфта буд, ки Исроил бояд куштани кӯдакону занон дар Ғаззаро мутаваққиф кунад, зеро ҳеҷ тавҷеҳе барои ин бомбаборонҳо вуҷуд надорад ва оташбас ба нафъи Исроил хоҳад буд. Аммо Макрон рӯзи якшанбе бо чархише 180 дараҷаӣ, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Исҳоқ Ҳертзуг, раиси режими саҳюнистӣ, аз мусоҳибаи ахири худ, ки бо интиқоди шадиди саҳюнистҳо ҳамроҳ шуд, ақибнишинӣ кард. Макрон муддаӣ шуд, ки Тел-Авивро масъули озору азияте, ки ғайринизомиёни бегуноҳи фаластинӣ дар ҳамлаи Исроил алайҳи Ҳамос мутаҳаммил мешаванд, намедонад. Ин амр нишон медиҳад, ки то чӣ ҳад лобиҳои саҳюнистӣ дар арсаи сиёсии кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса таъсиргузор будаву сарони ин кишварҳоро хоста ё нохоста дар масири иттихози мавозеи ҳамсӯ бо мавозеи режими саҳюнистӣ қарор медиҳад.

342/