AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Ҷумъа

4 Ноябр 2022

21:21:51
1320329

Сарлашкар Саломӣ дар роҳпаймоии 13 обон: Ба иқдомоти мудохилаҷӯёнаи душманон посух дода мешавад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоб исломии Эрон гуфт, натиҷаи иқдомоти мудохилаҷӯёнаву шароратафрӯзи душманон посух дода мешавад.

Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳошияи роҳпаймоии 13 обони Теҳрон бо ишора ба ҳузури густардаи мардум дар роҳпаймоии рӯзи истикборситезӣ афзуд: Он чи имрӯз ҳамаи дунё мушоҳида мекунанд, ҳузури густардаву пуршӯри миллати шарифи Эрон аст.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин ки ҷавонони Эрони исломӣ ҳамчунон пои инқилоби худашон истодаанд ва дар муқобили ҷабҳаи истикбор мусаммам ва қавӣ ҳастанд, дар бораи мутолиботи мардуми Эрон барои посух додан ба ҷиноёти террористҳо дар ҳодисаи Шоҳчароғ ва дигар манотиқи кишвар гуфт, мардум нидои интиқом сар медиҳанду душманони ҳам мо ба хубӣ медонанд, ки интиқом гирифта хоҳад шуд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард, мардуми Эрон дар саҳна ҳастанд ва ҳеҷ хатаре инқилоби моро таҳдид намекунад, зеро душманони Эрони исломӣ аз натиҷаи иқдомоти худ зидди мардум маъюс шудаанд.

Сарлашкар Саломӣ дар бораи мутолиботи мардум дар бархӯрд бо иғтишошгарон ҳам гуфт, дар бораи илалу решаҳои чунин ҳаводисе тамаркуз шудаасту ҳатман ба иқдомоти мудохилаҷӯёнаву шароратафрӯз посух дода мешавад.

Бурузи иғтишошоти ахир дар Эрон ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ бори дигар муҷиб шуд то душманони хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон аз он ба унвони фурсате барои мудохила дар умури дохилии Эрон ва низ таҳрики ҳар чӣ бештари ошӯбҳо истифода кунанд.

342/