ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Идораи ҳифзу нашри осори Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ; Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ таъкид карданд: «Масъулон вазифа доранд ба мушкилоти Хузистон расидагӣ кунанд ва агар касе ба фикри мардум бошад, наметавонад дар муқобили масоили душвори Хузистон роҳат бимонад ва ин вазифае қатъӣ, фаврӣ ва ҳамешагии ҳукуматҳост, ки ба фикри мардум бошанд.
Хушксолӣ ва гармоии беш аз ҳад имсол, устони Хузистон дар ҷануби ғарби Эронро бо мушкилоте, аз ҷумлаи камобӣ мувоҷеҳ кардааст; дар ҳамин ҳол бо талоши ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва мардумӣ ва боз кардани хуруҷиҳои сади Корун, мушкили камобӣ дар ҳоли рафъ шудан аст.
342/
