22 Декабр 2019 - 05:03
Раҳоварди таҷовузи саудиҳо ба Яман:беш аз 43 ҳазор кушта ва захмӣ

Вазорати ҳуқуқи башари Яман эълом кард, дар ҷанг алайҳи ин кишвари арабӣ то кунун беш аз 43 ҳазор ғайринизомӣ кушта ва захмӣ ва ҳазор нафар ба маълулиятҳои доим ва ихтилолоти равонӣ дучор шудаанд.

(ABNA24.com) Ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати ҳуқуқи башари давлати наҷоти миллии Яман дар гузорише бо ташреҳи хасоратҳои воридшуда ба ин кишвар дар панҷ сол таҷовузи эътилофи саудӣ тасреҳ кард, 80 ҳазор кудак дар натиҷаи бомборони хонаҳо дучори ихтилолоти равонӣ ва асабӣ шуда ва ҳудуди 10 ҳазор ғайринизомӣ аз ҷумла 800 кудак ба маълулиятҳои доимӣ дучор шудаанд.

Вазорати ҳуқуқи башари Яман афзуд, дар ҳазору ҳафтсад рӯз ҷанг алайҳи Яман, чиҳилу ҳафт ҳазору 345 ғайри низомӣ кушта ва захмӣ шудаанд ва 24 миллиону 100 ҳазор нафар аз ҷумла ҳашт ҳазор хонаводаи муҳосира шуда дар вилояти Алҳудайда ниёзи фаврӣ ба кумакҳои зарурӣ монанди ғизо, об, беҳдошт ва омӯзиш доранд.

Ҳамчунин бар асоси ин гузориш бо идомаи ҳамлаҳо ба Яман ва муҳосираи ин кишвар мизион фақр ба 85 дарсад ва мизони бекорӣ ба 65 дарсад расидааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардаааст.




/129