(ABNA24.com) Ба гузориши “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ин ҳукм Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ҳамасола дар фосилаи солҳои 2020 то 2030 аз иҷрои ин барнома ба ҳукумат гузориш диҳад.
Ҳамчунин бар мабнои ин ҳукм Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки аз аввали моҳи январи соли 2021 барои иҷрои барномаи тақвияти омӯзиши 10 солаи забонҳои русӣ ва англисӣ дар мадорис ва донишгоҳҳои ин кишвар манобеи молии мавриди ниёзро ихтисос диҳад.
Ҳадаф аз ин барномаи 10 сола, ошноии навҷавонон ва ҷавонони тоҷикистонӣ бо фарҳангу адабиёти русӣ ва англисӣ унвон шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин фармон таъкид кардааст, ки омӯзиши забони русӣ ба унвони забони гуфтугӯи байни миллиятҳои сокин дар қаламрави кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ва забони англисӣ ба унвони фарогиртарин забони роиҷ дар ҷаҳон барои насли ҷавони Тоҷикистон бисёр аҳамият дорад.
Дар ҳукми раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Вазорати маориф ва улум, Фарҳангистони улум ва тамоми марокизи донишгоҳӣ ва муассисаҳои омӯзишӣ дар кишвар муваззаф ба иҷро кардани ин барнома ҳастанд.
/129
7 Октябр 2019 - 06:37
News ID: 980838
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои тақвияти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар ин кишвар дар як давраи 10 сола фармонеро имзо кард.