(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи русии Известия, шайх Равил Ғайнуддин гуфта аст, ки муҳоҷирати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи марказӣ ба Русия муҷиби афзоиши теъдоди мусулмонон дар ин кишвар шуда аст .
Вай таъкид карда аст, ки 15 сол қабл дар дувумин шаҳри бузурги Русия,Санкт- Питербург 300 ҳазор мусалмон вуҷуд дошт, ки акнун теъдоди мусулмонони ин шаҳр наздик ба як миллион нафар расидааст .
Вай муътақид аст, ки афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони мусулмони кишварҳои Осиёи марказӣ ба Русия муҷиб шуда, ки дар дурдасттарин нуқоти Русия низ ҷамоъатҳои мусулмонон таъсис шаванд . Чунончӣ дар манотиқи Ховари дур ва Сибир акнун ҷамоъатҳои мусулмонон ва масҷидҳову мадрасаҳои онон фаъол шудаанд .
Ба гуфтаи шайх Равил Ғайнуддин издивоҷи ҷавонони мусулмони кишварҳои Осиёи марказӣ дар Русия муҷиби афзоиши ҷамъияти ин кишвар низ мешавад .
Ӯ гуфт :Фарзандони ин хонаводаҳо дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Русия машғули таҳсили илмҳои мухталиф ҳастанд ва дар аксар мавридҳо ба унвони донишомӯзону донишҷӯёни мумтоз муаррифӣ мешаванд .
Аз ин рӯ коргарони ҷавони муҳоҷир аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи марказӣ дар Русия на танҳо машғул ба кор мешаванд , балки заминаи омӯзиши фарзандони худро низ фароҳам месозанд.
/129