Ба гузориши хабаргузории АБНА, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ дар паём дар ҳисоби корбарии худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар вокуниш ба изҳори нигаронии Олмон ва чанд кишвари дигари аврупоӣ нисбат ба ташдиди таниш дар минтақаи Осиёи Ғарбӣ, бо ёдоварии ҷумлаи машҳури садри аъзами Олмон дар июни 2025 дар тасдиқи ҷиноятҳои Исроил алайҳи Эрон навишт: «Дар июни 2025, Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, дар бораи таҷовузи низомии Исроил алайҳи Эрон гуфт: "Ин ҳамон кори ифлосест, ки Исроил барои ҳамаи мо анҷом медиҳад." Ҳоло дар октябри 2026, вазири корҳои хориҷии Олмон (ва чанд кишвари дигари аврупоӣ) дар бораи ҳамлаи дубора алайҳи Эрон ҳушдор медиҳанд ва бар зарурати маҳдуд кардани таниш таъкид мекунанд.»
Ӯ афзуд: Чи хуб гуфт файласуфи машҳури олмонӣ Фридрих Шиллер дар намоишномаи «Дӯхтари Орлеан» (пардаи сеюм, саҳнаи шашум): «Эй хиради олӣ, эй духтари равшанзамир, эй фарзанди илоҳӣ, эй бунёдгузори донои ҷаҳон ва роҳнамои ситорагон; пас ту дигар чӣ ҳастӣ, агар ба думи аспи саркаши ҷунун баста шавӣ ва ночор, нотавон ва фарёдзанон, ҳамроҳи он маст ба вартаи суқут кашида шавӣ?»
Your Comment