29 Сентябр 2026 - 12:53
Source: ABNA
Ироқ: Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар дар муҳлати муқарраршуда анҷом меёбад

Сухангӯи фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ бар такмили раванди хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар дар муҳлати муқарраршуда таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Маядин, сухангӯи фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ таъкид кард, ки раванди хуруҷи нерӯҳои Амрико ва низомиёни эътилофи байналмилалӣ аз ин кишвар дар 30 сентябри ҷорӣ такмил шуда ва ба поён хоҳад расид.

Вазорати ҷанги Амрико маъруф ба Пентагон дар июли гузашта эълон карда буд, ки вазифаи низомии эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ то охири моҳи сентябр ба поён хоҳад расид. Ин иқдом бар асоси ҷадвали замонбандии мувофиқашуда байни Бағдод ва Вошингтон анҷом меёбад.

Пит Ҳегсет вазири ҷанги Амрико дар қароргоҳи Пентагон бо Алӣ аз-Зайдӣ нахуствазири Ироқ вохӯрӣ ва дар хусуси поёни вазифаи эътилофи байналмилалӣ машварат карда буд.

Пештар низ Ҳайдар ал-Абудӣ сухангӯи ҳукумати Ироқ эълон кард, ки пешниҳодоте дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни хориҷӣ дар ин кишвар пешниҳод шуда буд, аммо ҳукумати Ироқ бо ин пешниҳодҳо мухолифат кардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha