Ба гузориши хабарии Абно ба нақл аз шабакаи Ал-Масира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: ҷангафзорҳои Саудӣ, махсусан ҳавопаймоҳои F-15 ва Typhoon, ки аз пойгоҳҳои «Хамис Мушайт» ва «Тоиб» бархестаанд, дар 24 соати гузашта 52 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идома илова кард: ҳамлаҳои ҳавоии душмани Саудӣ, мактабҳо, пулҳо ва роҳҳоро дар «Таиз» ва инчунин дигар маконҳои ғайринизомиро дар «Ал-Ҷавф», «Ал-Байзо», «Саъда» ва «Амрон» ҳадаф қарор доданд.
Яҳё Сареъ сипас дар идома илова кард: ин ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Саудӣ беҷавоб нахоҳанд монд.
Your Comment