5 Сентябр 2026 - 11:33
Source: ABNA
Мансабдори низомии Яман: дар баробари ҳамлаҳои муздурони Арабистон хомӯш нахоҳем нишаст

Як мансабдори низомии яманӣ таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар баробари ҳамлаҳо ва таҷаммуъоти нерӯҳои вобаста ба Арабистон даст ба сар нахоҳанд кашид.

Ба гузориши агентсии хабарии АБНА ба нақл аз шабакаи Ал-Масира, як мансабдори низомии яманӣ дар суҳбат бо агентсии хабарии Сабо эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баробари ҳамлаҳои муздурони Арабистон даст ба сар нахоҳанд кашид.

Ин мансабдори низомӣ, ки ба номаш ишора нашудааст, афзуд: ҳадаф қарор додани хонаи як яманӣ дар ноҳияи Ал-Ҷарраҳӣ (дар устони Ал-Ҳудайда дар ғарби Яман) ҷинояти навест, ки ба корномаи ҷиноятҳои душмани саудӣ ва муздурони он илова мешавад.

Вай таъкид кард: ҳар гуна таҷаммуъоти нерӯҳои вобаста ба душмани саудӣ, ҳадафҳои қонунии нерӯҳои мусаллаҳи Яман хоҳанд буд.

Ин мансабдори низомӣ ҳушдор дод: нерӯҳои мусаллаҳи Яман барои ночиз гардонидани омодагӣ ба оғози ҷанги заминӣ бо ин таҷаммуъот муқобилат хоҳад кард.

Вай дар охир таъкид кард, ки душмани саудӣ нахоҳад тавонист иродаи миллати Яманро, ки хоҳони рафъи ҳама гуна зулм ва ситам аз худ мебошад, шикаст диҳад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha