Ба гузориши агентҳои хабарии «Абна», нерӯи дарёии СИПАҲ эълом кард: «Изҳороти амалдорони Амрико дар бораи кушода будани Тангаи Ҳурмуз дурӯғи ошкор буда, танҳо ба қасди назорати нархи нафт ва пӯшонидани шикастҳои худ мебошад».
«Тасаллути размандагони ислом бар ин оби роҳи стратегӣ комилан қатъӣ аст ва бо тамоми қувват ва иқтидори комил, Тангаи Ҳурмуз ба рӯи ҳамаи киштиҳое, ки бе ҳамоҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қасди гузар доранд, баста аст. Ба миллати азиз, шуҷоъ ва бедори Эрони исломӣ итминон медиҳем, ки ин раванд то поёни шароратҳои артиши террористии Амрико алайҳи кишвари азизамон ва иҷрои таъҳидоти муқарраршуда идома хоҳад ёфт».
Your Comment