Ба гузориши агентии иттилоотии Абна, France Presse эълом кард, ки бар асоси изҳороти ширкати Кеплер, миёнаи ҳаракати киштиҳои боркаш ба 10 сафар дар як рӯз кам шудааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз оғози таҷовузи Амрико бар Ирон ин рақам ба 95 мерасид.
Тибқи ин гузориш, гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз пас аз гузашти шаш моҳ аз оғози таҷовузи Амрико ва ҷангҷӯӣ дар халиҷи Форс ҳанӯз баста аст, ки боиси камшавии шадиди ҳаракати киштиҳои боркаш ва тиҷорати баҳрӣ ба андозаи 85 фоиз шудааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки пас аз имзои созишнома миёни ду тараф дар Исломобод, ҳадди аққал 36 киштӣ ба таври рӯзона аз ин гузаргоҳ убур мекарданд, аммо ин вазъ нопойдор буд ва дар моҳи август ба 15 киштӣ кам шуд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар тасарруф ва назорати гулӯгоҳи Ҳурмуз борҳо таъкид кардааст, эълом дошта, ки киштиҳо барои убури бехатар аз гулӯгоҳи Ҳурмуз бояд аз масири муайянкардаи Теҳрон пайравӣ кунанд.
Your Comment