Ба гузориши агентии «Абна» бо иқтибос аз САНА, додгоҳи ҷиноии Димишқ ҷаласаи муҳокимаи Аҳмад Ҳассун, муфтии собиқи Сурия дар давраи низоми Асадро баргузор кард.
Додгоҳи мазкур ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ин додгоҳ ӯро ба нақш доштан дар оғози ҷанги дохилӣ ва мазҳабӣ ва ҷиноят алайҳи башарият ва ҷинояти ҷангӣ муттаҳам кард.
Додгоҳи ҷиноии Сурия чанд рӯз пеш «Васим Асад» писари амаки раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар Башшор Асадро ба иттиҳоми ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ ва анҷоми амалиёти қатли дастаҷамъӣ ба қатл маҳкум кард.
Пеш аз ин низ додгоҳи ҷиноии Димишқ, «Башшор Асад» раиси ҷумҳури собиқи Сурияро ба иттиҳоми қатли қасдӣ ба қатл маҳкум карда буд.
Ин додгоҳ, «Моҳир Асад» бародари Башшор Асадро ба иттиҳомҳои монанд ва «Отиф Наҷиб» раиси дастгоҳи амнияти сиёсии шаҳри Даръо дар замони ҳукумати Башшор Асадро ба иттиҳоми қатли қасдӣ ва шиканҷаи маҳбусон ба қатл маҳкум кардааст.
Ҳамчунин, додгоҳи ҷиноии Димишқ ҳукми таъқиби байналмилалии Башшор ва Моҳир Асадро низ содир кард.
Your Comment