Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна» бо истинод ба агентсии хабарӣ «Анатолӣ», Маркази робитаҳои дафтари президентии Туркия бо нашри изҳорот дар посух ба суханони дафтари Бинёмин Нетаняҳу бар зидди «Раҷаб Тайиб Эрдуғон» таъкид кард: Ин суханони ботил ва шармангез, фоқиди ҳақиқатҳои таърихӣ ва ҷиддияти сиёсӣ буда, бунбаст ва нотавонии давлатеро нишон медиҳад, ки аз оқибатҳои ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноятҳо бар зидди башарият гурезон аст.
Дар ин изҳорот омадааст: «Сиёсати пасту залил»-и кабинети Нетаняҳу, ки бо ҳадафи дастовардҳои интихоботӣ пеш бурда мешавад, дар ҷомеаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳеҷ инъикосе надорад.
Маркази робитаҳои дафтари президентии Туркия илова кард: Суханони номуносиби режиме, ки ба хотири наслкушӣ интизори ҳузур дар мақомоти адолати байналмилалӣ аст, фақат хашм ва норозигии онҳоро аз мавқеъҳои қатъии Туркия инъикос мекунад.
Ин ниҳод инчунин нисбат ба кӯшиши кабинети сионистӣ барои муаррифии Туркия ҳамчун «тахдиди нав» ҳушдор дода, таъкид кард, ки ҷанговарӣ барои рақобатҳои сиёсӣ дар дохили сарзаминҳои ишғолшуда, хатарҳои ҷиддӣ барои сулҳ ва устувории минтақа ва ҷаҳон ба бор меорад.
Your Comment