Ба гузориши агентҳои хабарӣ Абна ба нақл аз рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико мехоҳад бидуни ба даст овардани тавофуқи ҳастаӣ, ба муқобила бо Эрон поён дода ва пирӯзиро бар ин кишвар эълом кунад.
Ин рӯзнома хабар дод, ки Трамп ин идеяро ба таври хусусӣ бо ёварони баландпояи худ матраҳ карда ва бозшавии Тангуби Ҳурмуз ба рӯи киштирании байналмилалӣ аз ҷониби Эрон, яке аз шартҳои асосии он аст.
Ин мақомот ба Wall Street Journal гуфтанд, ки агар Амрико тавонад барномаи ҳастаӣ (осоишта) Эронро маҳдуд кунад ва рафтуомад дар Тангуби Ҳурмуз аз сар гирифта шавад, эҳтимол он ки Трамп оташбасро «ба таври номаҳдуд» тамдид кунад, бештар хоҳад буд.
Рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal навишт: интизор меравад дар сурате ки Эрон Тангуби Ҳурмузро ба таври комил боз кунад, Трамп муҳосираи баҳрии бар зидди ин кишварро лағв кунад. Мумкин аст Трамп оташбасро тамдид кунад, ба шарте ки барномаи ҳастаӣ маҳдуд шуда ва киштиронӣ дар Тангуби Ҳурмуз аз сар гирифта шавад. Трамп ба ёварони худ гуфтааст, ки Теҳрон дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯ қодир нахоҳад буд фаъолиятҳои ҳастаии худро аз сар гирад.
Your Comment