4 Август 2026 - 16:25
Source: ABNA
Яман: Мо ҳадафи ҳассоси душмани саудӣ дар «Наҷрон»-ро ҳадаф қарор додем

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар изҳороте эълом дошт: мо ҳадафи ҳассоси душмани саудии худро дар фурудгоҳи «Наҷрон» бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин ҳадаф қарор додем.

Ба гузориши агентсии хабарии Абна ба нақл аз Ал-Масира, бригад генерал Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, имрӯз сешанбе эълом дошт: «Дар посух ба вайрон кардани фазои ҳавоии „Саъда“ ва „Ҳаҷҷа“ тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишини душмани саудӣ, мо як ҳадафи ҳассоси ин душманро дар фурудгоҳи „Наҷрон“ бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин ҳадаф қарор додем; ин ҳамла дақиқ буд.»

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ин бора идома дод: «Мо ба душмани саудӣ таъкид мекунем, ки ҳар гуна вайрон кардани фазои ҳавоии мо, бепосух ё бе ҷазо намемонад.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha