26 Июл 2026 - 20:45
Source: ABNA
Даъвои беасоси Нетанёҳу: Барномаи ҳастаии Эрон бояд боздошта шавад!

Сарвазири режими сиёнистӣ, бе ишора ба сулҳомез будани моҳияти барномаи ҳастаии Теҳрон, даъво кард: барномаи ҳастаии Эрон бояд боздошта шавад – хоҳ бо созиш ва хоҳ бе он.

Ба иттилои хабаргузории «Абна» бо иқтибос аз Алҷазира, Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири режими сиёнистӣ, дар мусоҳиба бо Fox News, бе он ки ишора кунад, ки аз як тараф ин режим ягона соҳиби арсенали силоҳи ҳастаӣ дар минтақа бе ҳеҷ гуна назорати Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ буда ва аз тарафи дигар, моҳияти барномаи ҳастаии Теҳрон сулҳомез аст, даъво кард: барномаи ҳастаии Эрон бояд боздошта шавад – хоҳ бо созиш ва хоҳ бе он.

Сарвазири режими сиёнистӣ сипас бо пешниҳоди даъвое интервентсионистӣ ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ, гуфт: ҷанг он гоҳ хотима меёбад, ки ҳукумати Эрон сарнагун шавад ё то андозае заиф гардад, ки зарурати боздоштани барномаи ҳастаии худро дарк кунад!

Бинёмин Нетанёҳу дар ифодаи орзуҳои худ дар бораи Лубнон чунин даъво кард: мо бо Ҳизбуллоҳи Лубнон бояд ҷанг кунем ва дар ҳоли анҷоми он ҳастем. Мо бешубҳа аз Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид натарсидаем. Ман ният дорам барои ин Маҷмаи Умумӣ низ ба Ню-Йорк сафар кунам.

Your Comment

You are replying to: .
captcha