25 Июл 2026 - 17:21
Source: ABNA
«Гардиан» фош кард: Афзоиши дақиқӣ ва харобиоварии мушакҳои Эрон дар ҳамлаҳои охир

Як рӯзномаи англисӣ навишт, ки ҳамлаҳои охирини мушакӣ Эрон ба ҳадафҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки на танҳо қобилияти Эрон коҳиш наёфтааст, балки дақиқӣ ва қудрати харобиоварии мушакҳо низ афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши агентии хабарӣ «Абна», рӯзномаи англисӣ «Гардиан» фош кард, ки Эрон дар давраи шиддатёбии танишҳо дар Ховари Миёна, муваффақ шудааст, ки қобилияти худро барои ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои амрикоӣ ва иншооти ҳаётан муҳим дар минтақа тақвият бахшад. Ин амр тавассути омезиши пешрафтҳои техникӣ дар барномаи мушакӣ, истифода аз тасвирҳои моҳворавӣ ва қабули тактикаҳои низомӣ, ки аз таҷрибаи Русия дар ҷанги Украина илҳом гирифта шудаанд, ба амал омадааст.

«Дэн Саббағ», сармуҳаррири умури дифоъӣ ва амниятии ин рӯзнома таъкид кард, ки ҳамлаҳои охирини Эрон нишондиҳандаи афзоиши сатҳи дақиқӣ ва қудрати харобиоварӣ мебошад; мавзӯъе, ки дар айни ҳол, нуқтаҳои заифи эҳтимолӣ дар системаҳои пудофоди ҳавоии Амрикоии мустақар дар минтақаро низ ошкор кардааст.

Ин гузориш бо истинод ба ҳамлаи Эрон ба «пойгоҳи ҳавоии Муваффақ ас-Салтӣ» дар Урдун навишт, ки ин ҳамла дар шароите муваффақ буд, ки пойгоҳи мазкур зери ҳимояти системаи пешрафтаи пудофоди мушакӣ Амрико бо номи «ТАД» (THAAD) қарор дошт. Дар ин ҳамла, 3 сарбози амрикоӣ кушта шуданд.

Тасвирҳои моҳворавӣ, ки аз ҷониби расонаҳои эронӣ нашр шудаанд, нишон медиҳанд, ки як қатор иншооти ин пойгоҳ осеб дидаанд; масъалае, ки Вазорати дифои Амрико (Пентагон) ро водор сохт, ки дар бораи сабабҳои қобилият надоштани системаи дифоӣ дар рахгирӣ (боздорӣ)-и ин ҳамла, таҳқиқот кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha