Ба гузориши агентсии иттилоъотии «Абно», қароргоҳи марказии Хотам-ул-Анбиё ҳушдор дод: дар сурати амалӣ гардидани таҳдидҳои Амрико, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон содироти ҳатто як қатра нафтро иҷозат намедиҳанд ва зерсохтҳои нафт, газ, барқ ва иқтисодии минтақа ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.
Матни пурраи пайом чунин аст:
Президенти Иёлоти Муттаҳида бори дигар Эронро бо ҳадаф қарор додани зерсохтҳои кишвар таҳдид кард.
Дар идомаи ҳушдори дирӯза эълон мешавад, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз то ҳол баста аст ва агар киштие аз он гулӯгоҳ гузаранд, фақат бояд аз масири муайяншуда ва мувофиқи тартиботи қаблан эълоншуда ҳаракат кунад.
Дар сурати амалӣ шудани таҳдидҳои Амрико, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон содироти як қатра нафтро ҳам иҷозат нахоҳанд дод ва зерсохтҳои нафт, газ, барқ ва иқтисодии минтақа ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.
Таҳдидҳои такрории Амрико натиҷае ғайр аз васеъ шудани ҷанг дар минтақа ва ҳатто фаротар аз он нахоҳад дошт.
Your Comment