23 Июл 2026 - 08:49
Source: ABNA
Рад кардани гузари 9 киштӣ аз Боб-ул-Мандаб пас аз муҳосираи бандарҳои Арабистон

Як расонаи ғарбӣ хабар дод, ки пас эълони муҳосираи Арабистон, ҳадди ақал 9 киштӣ аз гузар аз гулӯгоҳи Боб-ул-Мандаб сарозер шуданд.

Ба гузориши агентсии иттилоъотии «Абна» ба нақл аз шабакаи «Ал-Масира», агентсии иттилоъотии Франция (AFP) хабар дод, ки пас аз эълони муҳосираи бандарҳои Арабистон, ҳадди ақал 9 киштӣ аз гузар аз гулӯгоҳи Боб-ул-Мандаб сарозер шудаанд, ки дар байни онҳо киштиҳои боркаши нафт аз бандари Янбуъ низ дида мешаванд.

Инчунин агентсии Франция ба нақл аз Палатаи байналмилалии киштиронӣ хабар дод, ки киштиҳо аз яманиҳо огоҳӣ гирифтаанд, ки агар аз фармони нерӯҳои мусаллаҳ сарпечӣ кунанд, ба ҳадафҳои ҳамла табдил хоҳанд ёфт.

«Ансоруллоҳ»-и Яман душанбеи гузашта манъи киштиронии Арабистони Саудиро эълон кард, ки ин амал метавонад саҳнаи наве дар ин ҷанг боз кунад. «Ансоруллоҳ» дар паёме ба ширкатҳои киштиронӣ, таҳдид кард, ки ба ҳар киштие, ки ба боргирӣ ё холӣ кардани нафти Арабистон даст занад, ҳамла хоҳад кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha