8 Июл 2026 - 19:11
Source: ABNA
Ғарибободӣ: Ҳамлаҳои Амрико ба ҷануби Эрон вайронкунии ашаддии Ёддошти Исломобод аст

Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, бо ишора ба ҳамлаҳои нави Амрико ба ҳадафҳое дар ҷануби Эрон ва бекор кардани истисноҳои таҳрими фурӯши нафти Эрон, ин амалҳоро вайронкунии ашаддии бандҳои 10, 1 ва 2 Ёддошти Исломобод донист ва таъкид кард, ки Эрон дар ҳифзи манфиатҳо ва амнияти миллии худ тадбирҳои қатъӣ хоҳад андешид.

Ба гузориши Агентии байналмилалии иттилоотии Аҳлу-байт (АБНА) – Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, дар посух ба ҳамлаи Амрико ба ҳадафҳое дар ҷануби Эрон, дар паёме дар фазои маҷозӣ навишт: "Амали Амрико дар бекор кардани истисноҳои таҳрими фурӯши нафти Эрон, мисдоқи вайронкунии ашаддии банди 10 мебошад ва амалиёти низомии баъдии ин кишвар бар зидди Эрон низ мисдоқи вайронкунии ҷиддии бандҳои 1 ва 2 Ёддошти Исломобод аст."

Ғарибободӣ илова кард: "Амрико дар 3 ҳафтаи гузашта низ ба воситаи амалҳои режими сионистӣ дар Лубнон ва изҳороти таҳдидомез бар зидди Эрон, борҳо бандҳои 1 ва 2 Ёддоштро вайрон кардааст."

Муовини вазири корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ таъкид кард: "Эрон дар айни ҳушдори ҷиддӣ дар бораи оқибатҳои паймоншикании Амрико, тадбирҳои қатъиро дар ҳифзи манфиатҳо ва амнияти миллии худ андешида хоҳад кард."

Your Comment

You are replying to: .
captcha