22 Июн 2026 - 12:33
Source: ABNA
Навтарин ҷузъиёти музокироти Эрону Амрико аз забони вазири корҳои хориҷии Покистон

Вазири корҳои хориҷии Покистон ба раванди музокироти Эрону Амрико ва мавзӯъҳое монанди захираҳои урани ғанӣгардида ва тангоби Ҳурмуз ишора кард.

Ба гузориши агентии хабарӣ «Абно», Муҳаммад Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон, дар сӯҳбат бо шабакаҳои Ал-Арабия ва Ал-Ҳадас таъкид кард: Эрон ва Амрико ба ин хулоса расидаанд, ки роҳи ҳалли буҳрон дар дипломатия ниҳон аст.

Вай илова кард: Онҳо ба марҳилаи муваффақият расидаанд. Амрико хоҳони интиқоли захираҳои урани Эрон буд ва мо ба роҳи ҳалли коҳиш додани сатҳи ғанигардонии захираҳои урани Эрон даст ёфтем. Ин захираҳо ҳанӯз дар зери замин дафн шудаанд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон тасреҳ кард: Ман бовар дорам, ки мавзӯи захираҳои уранро дар яке аз гурӯҳҳои техникии сегона ҳаллу фасл кардан мумкин аст. Покистон барои бори аввал дар тӯли 47 соли гузашта муяссар шуд, ки нишасте байни Амрико ва Эрон баргузор кунад. Ҷанг байни онҳо даҳшатнок буда ва оқибатҳои манфӣ ба иқтисод доштааст.

Вай изҳор дошт: Се гурӯҳи техникӣ дар музокирот ширкат карда ва дар бораи парвандаи ҳастаӣ, амволи басташуда ва Лубнон машварат мекунанд. Вазъият дар тангоби Ҳурмуз бояд ба шароити пеш аз ҷанг баргардад. Дар давоми давраи 60 рӯза ҳеҷ гуна тарифа дар тангоби Ҳурмуз татбиқ нахоҳад шуд ва киштиҳо метавонанд аз ин минтақа гузаранд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон илова кард: Чин низ бо озодии гузари киштиҳо дар тангоби Ҳурмуз бидуни тарифа мувофиқ аст. Дар айни ҳол киштиҳо дар масирҳои рафтуомад метавонанд ҳаракат кунанд ва ҳеҷ гуна тарифа ҷуз хароҷоти марбут ба гузар ё хизматрасонӣ гирифта намешавад. Ҳамлаҳои таҳрикомези Исроил ба Лубнон бояд боздошта шаванд. Мо инчунин бо вазирони корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, Миср ва Туркия дар бораи фаъолсозии дубораи масъалаи навори Ғазза тавофуқ кардем.

Вай изҳор дошт: Доналд Трамп, президенти Амрико, шахсан бар музокирот назорат дошт. Умедворем, ки ин раванд ба таври мусбат пеш равад. Бароварди мо ин аст, ки марҳилаи оянда дар музокироти байни Эрону Амрико сахттарин марҳила хоҳад буд. Мутмаин ҳастем, ки онҳо метавонанд ба тавофуқи ниҳоӣ даст ёбанд, зеро ин ба нафъи ҳама аст. Ҳеҷ нуқтаи манфӣ дар ёддошти тафоҳуми байни онҳо вуҷуд надорад. Мавзӯи таҳримҳои Эрон ба таври дуҷониба бо Амрико баррасӣ хоҳад шуд. Арабистони Саудӣ, Қатар, Миср ва Имороти Муттаҳидаи Араб аз кӯшишҳои миёнаравӣ дастгирӣ мекунанд. Эрон нисбат ба раванди музокирот изҳори ризоят карда ва бо коҳиши сатҳи ғанигардонии захираҳои худ мувофиқат кардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha