Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абно», рӯзномаи «Ню Йорк Таймз» дар гузорише таъкид кард, ки хароҷоти молии таҷовузи Амрико алайҳи Эрон аз 28 феврали гузашта наздик ба 132 миллиард доллар будааст.
Мувофиқи ин гузориш, таҷовузи амрикоию сионистӣ алайҳи Эрон ва Лубнон боиси қурбонии 3500 нафар дар Эрон ва 3700 нафар дар Лубнон дар канори ҳадаф қарор гирифтани мактаби кӯдакони Миноб шудааст.
Хароҷоти мустақими ин таҷовузи низомӣ 29 миллиард долларро дар бар мегирад, ки аз он ҷумла бозсозии пойгоҳҳои осебдидаи Амрико, иваз кардани муҳимоти истифодашуда, ҷойгирсозии киштиҳои ҳавопаймобар ва бозсозии зарарҳои воридшуда ба захираҳои Амрико дар Арабистони Саудӣ мебошад.
Халалдоршавӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ва ҷаҳиши нархи нафт низ боиси он шуд, ки истеъмолкунандагони амрикоӣ 60 миллиард доллар бештар барои сӯзишворӣ пардохт кунанд. Хароҷоти нақлиёт низ афзоиш ёфт.
Илова бар он, халалдоршавӣ дар ин обегоҳи ҳаётӣ боиси камбудӣ гаштан дар захираҳои сулфур, ки моддаи асосии нуриҳо ба шумор меравад, гардид. Коршиносони байналмилалӣ низ нисбат ба оқибатҳои ваҳимноки афзоиши нархи маводи ғизоӣ ва густариши қаҳатӣ дар ҷаҳон ҳушдор доданд.
Your Comment