Ба гузориши хадамоти иттилоотии «Абна», дар эълонияи раёсати робитаҳои умумии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ омадааст: Мардуми муъмин ва қаҳрамони Эрон, ки бо беш аз сад рӯз истодагарӣ дар майдони ҳамосаофаринӣ ва нишони нави бедорию муқовиматро ба намоиш гузоштед.
Дар пайи ифтихорофариниҳои саҳаргоҳии разомандагони ислом дар саркӯбии душмани мутаҷовизи амрикоӣ, бо таваккал ба Худованди мутаъол, писарони дилери шумо дар нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳ дар посух ба ҳамлаҳои мушакии артиши кӯдаккуши Амрико ба як макони фароғатӣ, як маҷмааи истеҳсолӣ ва майдони як погоҳ дар атрофи Караҷ ва Назаробод ва як пойгоҳи маҳаллии Сипоҳ дар шаҳри Пешво барои танибии мутаҷовиз, имрӯз субҳ бо 12 адад мушаки баллистикӣ маҳалли истиқрори ҳавопаймоҳои ҷангии F16, F15 ва F35-и Амрико ва низ таъсисоти муҳими артиши террористии Амрикоро, ки дар пойгоҳи ҳавоӣ ва маркази назорати Ал-Азрақ қарор доштаанд, ҳадаф қарор дода, он таъсисот ва миқдори зиёде аз ҳавопаймоҳои ҷангиро нобуд карданд.
Амалиёти разомандагони ислом то замони идомаи шароратҳои душман идома дорад.
Your Comment