Ба гузориши агентии хабарии Абна бо иқтибос аз Риановостӣ, Армандо Мема, сиёсатмадори финландӣ ва узви ҳизби «Иттиҳоди озодӣ» гуфт: Иттиҳоди Аврупо бо маблағгузории ҷанг ва фиристодани аслиҳаи марговар ба Укроин, бориҳо аз хатҳои сурх гузаштааст.
Вай афзуд: Русия бори дигар омодагии худро барои гуфтугӯ бо Аврупо нишон дода ва умедвор аст, ки ин муноқиша аз роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл шавад.
Муносибатҳои Русия ва Иттиҳоди Аврупо аз замони оғози ҷанги Укроин ба тирагиҳо гравидааст. Гуфтушунидҳои сулҳи Укроин то ҳол бенатиҷа буда ва ду тараф омода ба мусолиҳа дар мавриди мавзӯъҳои ихтилофӣ нестанд.
Маскав, Брюсселро ба коршиканӣ дар гуфтушунидҳои сулҳ ва маблағгузорӣ ва аслиҳадиҳӣ ба Укроин барои ҷанг алайҳи Русия муттаҳам кардааст.
Your Comment