Ба гузориши агентии хабарии Абна, рӯзномаи сиёнистии «Исроил Ҳаём» дар гузорише ҳангоми фош намудани андозаҳои нави нақшаҳои режими сиёнистӣ алайҳи Эрон, аз тағйироти чашмгир дар кори хадамоти ҷосусии Моссад дар қабли Эрон парда бардошт. Бар асоси ин гузориш, тағйири рӯйкарди Моссад аз солҳо пеш аз тамаркузи анъанавӣ ба террорҳо ва амалиёти низомиёни ба ҷараёне оғоз ёфта, ки «Ҷанги таъсиргузорӣ» ном дорад ва ҳадафи он заиф гардонидани низоми Эрон аз дарун аст.
Бар асоси ин гузориш, дар тӯли солҳои охир гурӯҳи махсусе дар дохили Моссад таҳти унвони «Бахши амалиёти таъсиргузорӣ» таъсис ёфтааст. Ин гурӯҳ дар чаҳорчӯби ислоҳоти ташкилӣ ба роҳбарии Довид Барниъо, раиси Моссад ва бо ангезаи «ҳадаф қарор додани умқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Эрон, на танҳо сохтори низомии он» ташкил шудааст.
Таҳқиқоти рӯзномаи сиёнистӣ дар ин хусус ба кӯшиши хадамоти мазкур барои хароб кардани чеҳраи масъулони низоми Эрон пардохта, менависад, ки ин хадамот бо корбурди иттилоотӣ ва фишори умумӣ кӯшиш мекунад, то душманони Телав Авивро бе нобуд кардани ҷисмонӣ аз мақомоти худ барканор кунад.
Ин гузориш меафзояд, ки ин рӯйкард бар истифодаи расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, сарчашмаҳои умумӣ ва ҳатто эҷоди ҳисобҳои қалбакӣ ва интишори мундариҷаи ҳадафдор дар дохили Эрон устувор аст ва ҳадафи он суст кардани эътимоди умумӣ ба сарварони низом ва ноустувор нишон додани он аст.
Ин рӯзнома ба нақл аз як мақоми собиқ дар гурӯҳи мазкур таъкид мекунад, ки ин намуди амалиёт нисбат ба террор камхарҷтар аст ва дар дарозмуддат метавонад таъсири бештар дошта бошад, зеро «амнияти равонӣ ва расонаии Эрон»-ро ҳадаф қарор медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, Моссад дар ин замина танҳо ба ҷамъоварии иттилоот кифоя намекунад, балки дар бораи таҳлили рӯҳияи умумӣ дар дохили Эрон кор мекунад ва аз эътирозоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баҳрабардории васеътар ба амал меорад, ки ҳадафи он эҷоди фишори дохилии афзоянда ба низом аст.
Ба навиштаи «Исроил Ҳаём», гурӯҳи мазкур дар солҳои охир абзорҳои пешрафтаи рақамиро истеҳсол кардааст, ки иборатанд аз «артишҳои рақамӣ» ва «ҳисобҳои қалбакӣ» барои хароб кардани чеҳраи масъулони низоми Эрон ва дар ин замина ҳамкории ҷиддӣ бо ниҳодҳои расонавии ҷараёни мухолиф дар хориҷ барои пахши паёмҳои ҳадафноки заиф кардани чеҳраи ҳокимият дар Теҳрон анҷом медиҳад.
Your Comment