31 Май 2026 - 16:28
Source: ABNA
Ҳаоретс: Ғанигардонии Эрон дигар мавзӯи асосии нақшаҳои созишнома нест

Як расонаи сиёнистӣ навишт, ки ғанигардонии Эрон дигар мавзӯи асосии нақшаҳои созишнома нест ва бозшавии тангаҳои Ҳурмуз ва пешниҳоди ҷубронпулӣ ба Теҳрон мавзӯъҳои асосии онҳо мебошанд.

Ба гузориши агентии хабapии Абна, рӯзномаи сиёнистии Ҳаоретс дар гузорише бо унвони «Ҳурмуз, уран ва миллиардҳо доллар» навишт: Эрон барои созиш бо Амрико шитоб нест.

Ин расонаи сиёнистӣ дар бораи дасти болои Эрон дар гуфтушунидҳо бо Амрико афзуд: Пешниҳодҳои нав дар пайи он ҳастанд, ки зарарҳои Эрон дар ҷангро ҷуброн кунанд ва тангаҳои Ҳурмузро дубора ба рӯи киштиронӣ боз кунанд, бе он ки мустақиман ба ихтилофоти аслӣ дар бораи ғанигардонии уран бипардозанд.

Ҳаоретс Эронро омодаи додани имтиёз надонаст ва навишт: Ба назар мерасад, Теҳрон ҳеҷ шитобе барои мусолиҳа надорад.

Ин расонаи сиёнистӣ вазъияти ба вуҷуд омадаро ба шӯхӣ монанд донист ва афзуд: «Такрибан як созишнома» метавонист унвони яке аз айтемҳои танзи барномаи маҳбуби исроилии «Эретс Неҳдерет» (Замини аҷоиб) бошад, аммо ин маҷро он қадар воқеӣ аст, ки наметавон онро як шӯхӣ донист.

Your Comment

You are replying to: .
captcha