Тибқи гузориши агентии хабаррасонии «Абно» ба нақл аз «Русия ал-Яум», Бинямин Нетанёҳу, сарвазири 76-солаи режими сионистӣ, шаби гузашта ба бемористоне дар Қудси ишғолшуда интиқол дода шуд.
Дафтари Нетанёҳу даъво кард, ки сабаби интиқоли ӯ ба бемористон дарди дандон будааст. Амалиёти ҷарроҳии собиқи Нетанёҳу барои табобати варам ва интиқоли дубораи ӯ ба бемористон бори дигар нигоҳи таҳлилгаронро ба саломатии ҷисмонии сарвазири режими сионистӣ ва қобилияти ӯ барои идораи корҳо, аз ҷумла масъалаҳои ҷангӣ ва низомӣ ҷалб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Нетанёҳу як моҳ қабл бори аввал эълом кард, ки табобати варами бади простатаро мегирад. Ин амалиёти ҷарроҳӣ пас аз амалиёти пешини ӯ дар декабри соли 2024 барои табобати варами хуби простата гузаронида шудааст.
Нетанёҳу даъво кард, ки варами ӯ бо муваффақият табобат шудааст, вале ба вақти табобати худ ишора накард.
Сарвазири режими сионистӣ интишори гузориши тиббиро дар бораи вазъияти ҷисмонии худ ба муҳлати ду моҳ ба таъхир андохта буд. Ӯ дар соли 2024 пас аз ташхиси сирояти роҳҳои пешоб, ки дар натиҷаи «варами хуби простата» ба вуҷуд омада буд, таҳти амалиёти ҷарроҳии простата қарор гирифт, аммо замони амалиёти дуюми ӯ, ки бори аввал аз анҷоми он хабар дод, муайян нест. Дар соли 2023 инчунин дастгоҳи танзими зарбаҳои дил барои ӯ насб карда шудааст.
Your Comment