Ба гузориши хабарии Абна ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, сухангӯи Комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ гуфт, ки ҳолатҳои шиканҷа ва бадмуомилагӣ бо асирони фаластинӣ дар Исроил ба таври «систематикӣ» сабт шудааст ва ин амалҳо дар баргирандаи зӯроварии ҷинсӣ ва зӯроварии дорои хусусияти ҷинсӣ низ будааст.
Самин Ал-Хитайн дар посух ба гузориши рӯзномаи «New York Times» ки аз таҷовузи ҷинсӣ ва таҷовуз ба боздоштигони фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакон, хабар дода буд, таъкид кард, ки чунин рафторҳо «ғайриқобили қабул» аст.
Ӯ бо ишора ба сабти ҳадди ақал 90 ҳолати марги асирони фаластинӣ аз 7 октябри соли 2023 то ҳол дар зиндонҳои Исроил, гуфт, ки яке аз қурбониҳо навраси 17-сола буда, ки пеш аз марг нишонаҳои шадиди гуруснагӣ ва қаҳтӣ дар ӯ мушоҳида шудааст.
Ал-Хитайн инчунин гуфт, ки мақомоти Исроил ҳолатҳои дигари маргро низ эълом кардаанд, аммо иттилооти кофӣ барои шиносоии қурбониҳо ё равшан кардани шароити марги онҳо пешниҳод накардаанд.
Вай ин вазъиятро ҳамчун қисме аз «низоми нодурусти боздошт ва доварӣ» тавсиф кард ва хотими он, анҷом додани таҳқиқоти мустақил ва беғаразона ва муҳокимаи содиркунандагони ин тахассуфҳоро хостор шуд.
Ҳазорҳо фаластинӣ дар шароити баду номуносиб дар зиндонҳои режими ишғолгар дар асорат ба сар мебаранд ва аз дастрасӣ ба ҳуқуқҳои аввалиндараҷа ва аслии худ маҳруманд.
Your Comment