8 Май 2026 - 00:43
Source: ABNA
Ҳизбуллоҳ мақоми фармондеҳии сионистҳоро дар ҷануби Лубнон ҳадаф қарор дод

Ҳизбуллоҳ эълом кард, ки илова бар ҳамлаи ракетӣ ба маркази ҷамъомади худравҳои низомиёни сионистӣ дар шабаки Шамаъ дар ҷануби Лубнон, мақоми фармондеҳии артиши ишғолгарро дар шабаки Ал-Байёза бо дрон ҳамкӯб кардааст.

Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз расонаи «Ал-Илом ал-Ҳарбӣ», Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки мақоми фармондеҳии артиши режими сионистиро дар ҷануби Лубнон ҳадафи ҳамлаи дронӣ қарор додааст.

Дар эъломияи Ҳизбуллоҳ дар мавриди ин амалиёт омадааст: «Дар ростои ҳифзи Лубнон ва мардуми он ва дар посух ба вайронкунии оташбас аз ҷониби душмани исроилӣ ва ҳамлаҳое, ки деҳаҳои ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор дода ва боиси шаҳодат ва захмии як қатор ғайринизомиён гардидааст, ҷанговарони муқовимати исломӣ соати 10:18 субҳи имрӯз (панҷшанбе) мақоми фармондеҳии артиши ишғолгарро дар шабаки Ал-Байёза бо дрони тарканда дақиқан ҳадаф қарор доданд».

Ҷанговарони муқовимати исломӣ инчунин соати 14:00 бегоҳи имрӯз маркази ҷамъомади худравҳои низомии артиши ишғолгарро дар шабаки Шамаъ бо ракет бомбаборон карданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha