8 Май 2026 - 00:42
Source: ABNA
Эрон бе аз даст додани барномаи ҳастаӣ ва мӯшакӣ худ муқовимат кардааст

Рӯзномаи сионистии «Едиот Аҳронот» бо эътирофи муваффақияти Эрон дар ҳифзи барномаи ҳастаӣ ва мӯшакии худ, ба эҳтимоли шикасти Нетанёҳу дар интихоботи ояндаи режими сионистӣ ба сабаби нокомӣ дар ҷанг алайҳи Эрон ишора кард.

Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз «Ал-Маядин», рӯзномаи «Едиот Аҳронот» дар гузорише эътироф кард: «Хушбинии сатҳи сиёсӣ дар оғози ҷанг алайҳи Эрон, пас аз равшан шудани муваффақияти Теҳрон дар муқовимат ба фишорҳо, ба бадбинӣ табдил ёфтааст».

Дар идомаи гузориши ин рӯзномаи сионистӣ омадааст: «Пас аз он ки Трамп ба сӯи созишномае бо Эрон равона шуд, ки ҳадафҳои ҷангро амалӣ намекунад, бадбиниҳо афзоиш ёфтааст».

«Едиот Аҳронот» меафзояд: «Мақомоти баланди ҳизби Ликуд эътиқод доранд, агар Исроил ба пирӯзии бузурге бар Эрон ноил нагардад, Нетанёҳу метавонад дар интихоботи оянда шикаст бихӯрад».

Бар асоси гузориши мазкур: «Эрон муваффақ шудааст, ки бе аз даст додани барномаи ҳастаӣ ва мӯшакҳои баллистикии худ, муқовимат кунад».

Your Comment

You are replying to: .
captcha