24 Апрел 2026 - 21:03
Source: ABNA
Идомаи вайрон кардани оташбас дар ҷануби Лубнон бо ҳамлаҳои навбатии сионистҳо

Ҳукумати сионӣ аз соати гузашта бо вайрон кардани навбатии оташбас бо Лубнон, ба минтақаҳои ҷанубии ин кишвар аз ҷумла Бинт Ҷейл ва Дайр Амас ҳамла кард.

Ба гузориши хабаргузорӣ АБНА ба нақли Ал-Миядин, ҳукумати сионӣ чанд соат пеш се маротиба пайдарпай шаҳраки Дайр Амас дар ҷануби Лубнонро бо ҳамлаҳои мушакӣ ҳадаф қарор дод.
Ҳарбиёни Исроил ҳамзамон атрофи шаҳраки Бинт Ҷейлро аз тарафи минтакаи Кунин ҳадафи ҳамла қарор доданд.
Аз тарафи дигар, Вазорати тандурустии Лубнон эълон кард, ки дар ҳавопаймоии ба минтакаи Маръун ас-Саър анҷомёфта, ки имрӯз субҳ сурат гирифт, ҳадди ақал ду нафар ба шаҳид расидаанд.
Дар тарафи муқобил низ, расонаҳои сионӣ аз захмӣ шудани се нафар аз артиши ин ҳукумат дар «ҳодисаи амалиётӣ» дар ҷануби Лубнон хабар додаанд.
Рӯзномаи сионӣ Ҳаарец бо эълони охирин тағйирот дар ихтилофот дар ҷануби Лубнон навишт, ки Ҳизбуллоҳ мувозинати харобкуниро боз дар баробари ҳукумати сионӣ барқарор кардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha