24 Декабр 2025 - 12:58
Source: ABNA
Вазорати молияи Исроил ҳушдор дод: Хароҷоти ҷанг бо Эрон хеле вазнин аст

Вазорати молияи режими саҳюнистӣ дар мавриди хароҷоти камаршикани ҷанг бо Эрон ҳушдор дод.

Бино ба гузориши хабаргузории АБНА, рӯзномаи "Едиот Аҳронот" эътироф кард, ки Вазорати умури молияи режими саҳюнистӣ аз вуқӯи ҳар гуна даргирии низомӣ бо Эрон ваҳшат дорад, зеро ин даргирӣ даҳҳо миллиард шекел барои Тел-Авив хароҷот хоҳад дошт.

Дар ин гузориш омадааст, ки хароҷоти даргирии мазкур боис мешавад будҷаи бахшҳои омӯзиш ва беҳдошт дар заминҳои ишғолӣ таҳти таъсир қарор гиранд.

Дар идомаи ин гузориш таъкид шудааст, ки даргирии низомӣ бо Эрон боис мешавад барои севумин соли пайёпай дар сояи 2 соли ҷанги Ғазза, ки тӯлонитарин ҷанг дар таърихи ҷаълии режими саҳюнистӣ ба шумор меравад, будҷаи бахшҳои омӯзиш, беҳдошт, рефоҳ ва зерсохтҳо ба сурати дардноке коҳиш пайдо кунад ва зарбаи бузурги дигаре ба рушди иқтисодӣ дар заминҳои ишғолӣ ворид ояд.

Масъулони барҷастаи Вазорати умури молияи режими саҳюнистӣ ҳушдор доданд, ки даргирии ҷадид бо Эрон боиси барҷой мондани хисоратҳои ҷадид ба сохтмонҳо ва зерсохтҳои ин режим мешавад.

Онҳо баён карданд, ки пӯшиш додани ин хароҷотҳо бояд аз тариқи афзоиши касрии будҷа, коҳиши шадиди будҷаҳои дигар вазоратхонаҳо ва ё афзоиши молиётҳо сурат бигирад. Ин дар ҳоле аст, ки интихобот наздик аст ва даргирии қаблӣ бо Эрон боиси коҳиши будҷаҳои дигар вазоратхонаҳо шуда буд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha