Бино ба гузориши хабаргузории "Абна", саҳюнистҳои мавсум ба ҳаридиҳо (яҳудиёни тундрав) бо баргузории тазоҳурот алайҳи ҳузури иҷборӣ дар артиши режими саҳюнистӣ, хиёбони шумораи чаҳор дар минтақаи Бани Брак, воқеъ дар маркази заминҳои ишғолиро бастанд.
Расонаҳои ибрӣ гузориш доданд, ки баргузории ин тазоҳурот боиси мухтал шудани ҳаракати мошинҳо ба самти шаҳри Петах-Тиква шуд. Нерӯҳои пулиси режими саҳюнистӣ низ бо ғайриқонунӣ хондани ин тазоҳурот дар минтақаи мазкур мустақар шуданд.
Лозим ба зикр аст, ки бӯҳрони камбуди нерӯ дар артиши режими саҳюнистӣ боис шудааст, ки нигоҳҳо ба самти иҷборӣ шудани ҳузур дар артиш барои ҳаридиҳо ҷалб шавад; мавзуе, ки ба шиддати эътирозҳо дар миёни онҳо мунҷар шудааст.
Your Comment