Бино ба гузориши хабаргузории "Абна" ба нақл аз "Ал-Ҷазира", Аҳмад ат-Тайиб, Шайхи Азҳар, дар изҳороте тасреҳ кард, ки масъалаи Фаластин ба марҳалаи хатарноке аз беадолатӣ расидааст, ки наметавон дар мавриди он "бетараф" буд.
Вай дар дидор бо Агустино Пализе, сафири Итолиё дар Миср, бо ишора ба набуди иродаи воқеии байналмилалӣ барои иттихози роҳи ҳалли ду кишвар гуфт, ки ҳеҷ ихтилофи назаре дар мавриди масъалаи Фаластин вуҷуд надорад, зеро ба ҳадде аз беадолатӣ, таҷовуз ва хуруҷ аз тамоми арзишҳои тамаддунӣ, динӣ, инсонӣ ва ахлоқӣ расидааст, ки бетарафиро намепазирад.
Тайиб ба куштори кӯдакон ва инсонҳои бегуноҳ ишора карда, гуфт, ки вазъият ба ҷойе расидааст, ки ҳеҷ кас чорае ҷуз мухолифат бо ин ҷиноятҳо ё мушорикат ва ҳамдастӣ бо ин фоҷиаҳои инсонӣ надорад.
Вай идома дод: "Мо шаҳидони зиёдеро дар ин таҷовузи исроилии золимона ва ноодилона аз даст додем, ки наметавон онро ҷанг номид, балки наслкушӣ аст, ки тавассути артиши муҷаҳҳаз бо қавитарин силоҳҳо алайҳи мардуми бедифоъ анҷом мешавад." Шайхи Азҳар афзуд, ки роҳи ҳалли ду кишвар беш аз як рубъи аср аст, ки матраҳ шуда, бидуни ин ки иродаи байналмилалӣ барои таҳаққуқи он вуҷуд дошта бошад.
Your Comment