21 Декабр 2025 - 11:00
Source: ABNA
Вокуниши Гурӯҳҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ба иддаои халъи силоҳи Муқовимат

Гурӯҳҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ бар мухолифати қатъии худ бо ҳар гуна ҳарфу ҳадис дар хусуси халъи силоҳи ин неруҳо таъкид кард.

Бино ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Спутник, Гурӯҳҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ бо судури баёнияе эълон кард, ки бо ҳар гуна ҳарфу ҳадис дар хусуси халъи силоҳи худ ё инҳисори силоҳ дар дасти давлат мухолиф аст.

Дар ин баёния омадааст: «Муқовимат як ҳаққи машрӯъ ба шумор меравад ва силоҳ дар дастони неруҳои муҷоҳиди Гурӯҳҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ боқӣ хоҳад монд. Сухан гуфтан дар бораи тавофуқ бо давлат дар ин хусус танҳо баъд аз хуруҷи тамоми неруҳои ишғолгари НАТО ва неруҳои артиши Туркия имконпазир аст».

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки бояд аз саломати миллати Ироқ ва муқаддасоти ин кишвар дар баробари таҳдидҳои аносири вобаста ба Ҷавлонӣ ва неруҳои Пешмарга мутмаин буд.

Инчунин зикр шудааст, ки таҳаққуқи ҳокимияти комил дар Ироқ ва амният дар ин кишвар муқаддамоти аслии сухан гуфтан дар бораи инҳисори силоҳ дар дасти давлат хоҳад буд. Ҳар касе ба дунболи таҳвил додани силоҳаш бидуни таҳаққуқи ҳокимияти комил аст, ба сурати шахсӣ тасмим мегирад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha