Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Ҷазира, манобеи саҳюнист гузориш доданд, ки низомиёни режими саҳюнистӣ ба сурати иштибоҳӣ ба самти як шаҳракнишин дар минтақаи Кадумим миёни Қалқилиё ва Нобалус дар Каронаи Бохтарӣ тирандозӣ карданд.
Радиои артиши режими саҳюнистӣ низ эълом кард, ки дар ин тирандозӣ як шаҳракнишини саҳюнист, ки ихтилолоти зеҳнӣ дорад, ба шиддат захмӣ шудааст.
Пеш аз он, рӯзномаи Едиот Аҳронот иддао карда буд, ки низомиёни саҳюнист ба самти як фаластинӣ, ки қасд дошт бо корд ба саҳюнистҳо ҳамла кунад, тир холӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки артиши режими саҳюнистӣ иддао кардааст, ин ҷавони маҷрӯҳ як корд дар даст доштааст.
Your Comment