14 Декабр 2025 - 23:34
Source: ABNA
Ҳаракатҳои нави низомиёни режими саҳюнистӣ дар атрофи Қунайтраи Сурия

Манбаъҳои сурӣ аз ҳаракатҳои нави режими саҳюнистӣ дар Қунайтра, дар ҷануби Сурия, хабар доданд.

Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Сано, манбаъҳои сурӣ аз ҳаракатҳои нави режими саҳюнистӣ дар ҷануби Сурия хабар доданд.

Манбаъҳои сурӣ эълом карданд, ки низомиёни исроилӣ вориди шаҳраки Рувайҳина дар атрофи Қунайтра шуданд.

Низомиёни саҳюнистӣ дар баробари таъсиси посгоҳи бозраси, даст ба тирандозии аловчаҳо (фаларесент) низ заданд.

Қобили зикр аст, ки режими саҳюнистӣ аз замони суқути низоми собиқи Сурия, даст ба ҳамлаҳои густарда ба Сурия задааст ва чанде қабл низ ба баҳонаи ҳимоят аз Дрӯзҳо, манотиқе аз Димашқро бомбаборон кард.

Аз замони суқути низоми Башшор Асад, артиши ин режим бо убур аз хатти ҳоил миёни минтақаи ишғолшудаи Ҷӯлон бо Сурия, ба идомаи ишғоли манотиқи наздик ба Ҷӯлон дар устонҳои Даръо ва Қунайтра пардохтааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha