6 Декабр 2025 - 22:24
Source: ABNA
Навтарин омори шаҳидон ва маҷрӯҳони ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза эълом кард, ки шумори шаҳидони ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба 70 ҳазору 354 нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза бо судури баёнияе навтарин омори шаҳидон ва захмиёни ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз ҳафтуми октябри соли гузаштаи мелодӣ то кунунро эълом кард.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар навори Ғазза, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то ин лаҳза, 70 ҳазору 354 нафар ба шаҳодат расидаанд.

Ҳамчунин ин ниҳоди пизишкии фаластинӣ баён кард, ки шумори кулли захмиёни ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза аз оғози ҷанг дар ин борика ба 171 ҳазору 30 нафар расидааст.

Ин вазоратхона эълом кард, ки тайи 48 соати гузашта ҳамчунин пайкари 6 шаҳид ба бемористон мунтақил шудааст. Як нафар ба тозагӣ дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидааст. Пайкари 5 шаҳид низ аз зери овор хориҷ шудааст. Тай ин муддат 15 нафар низ захмӣ шудаанд.

Ҳанӯз ҳазорон нафари дигар низ дар навори Ғазза мафқуд ва зери овор ҳастанд.

Аз замони барқарории оташбас дар 11 октябри 2025, то кунун 367 нафар ба шаҳодат расида ва 953 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин муддат пайкари 624 шаҳид низ аз зери овор хориҷ шудаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha