4 Декабр 2025 - 13:29
Source: ABNA
Шаҳодати $5$ фаластинӣ дар Хон Юнис дар пайи ҳамлаҳои саҳюнистҳо

Режими саҳюнистӣ бо вуҷуди оташбас дар Ғазза иқдом ба мушакборони урдугоҳи оворагон дар Хон Юнис кард, ки дар ин ҳамлаҳо $5$ фаластинӣ, аз ҷумла $2$ кӯдак, ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Ал-Ҷазира», Бемористони тахассусии Кувайт дар Ғазза гузориш дод, ки $5$ нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар бомбаборони хаймаҳои оворагон дар минтақаи Мавосии Хон Юнис тавассути парвозҳои бесарнишини саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд.

Хабарнигори «Ал-Ҷазира» гуфт, ки парвозҳои бесарнишини режими саҳюнистӣ $4$ ҳамлаи ҳавоиро дар ғарби шаҳри Хон Юнис дар ҷануби Навори Ғазза анҷом доданд, ки мунҷар ба захмӣ шудани теъдоде аз фаластиниён шуд.

Шаби гузашта ҳамчунин танкҳо ва парвозҳои бесарнишини квадкоптери саҳюнистӣ низ дар наздикии тақотоъи Шуҷоъия дар шарқи шаҳри Ғазза ба самти мавзеъҳои фаластиниён оташ кушоданд. Ҳамлаи тӯпхонаӣ ба манотиқи шарқии шаҳри Ғазза аз дигар таҷовузоти шаби гузаштаи саҳюнистҳо буд.

Ҳеликоптерҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ низ шаби гузашта ба сӯи манотиқи шарқии шаҳри Ғазза оташ кушоданд. Ҳамчунин худравҳои низомии артиши Исроил ба самти шимоли шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза тирандозӣ карданд. Нерӯҳои низомии Исроилӣ ҳамчунин ба амалиёти таркондан ва тахриби сохтмонҳо дар шарқи шаҳри Ғазза идома доданд.

Ожонси расонаии режими саҳюнистӣ шаби гузашта иддао кард, ки дар табодули оташ байни нерӯҳои муқовимат ва унсурҳои саҳюнистӣ дар Рафаҳ $4$ низомии Исроилӣ аз тепи «Голонӣ» ва лашкари «Ғазза» захмӣ шуданд, ки ҷароҳати яке аз онҳо шадид буд.

Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҷароҳати низомиёни саҳюнист дар тепи «Голонӣ» ва лашкари «Ғазза» дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳе, ки аз нақбе дар шарқи Рафаҳ берун омада буданд, рух додааст.

Радиои артиши Исроил ба нақл аз як манбаъ иддао кард, ки низомиёни саҳюнист ду тан аз унсурҳои муқовиматро ба шаҳодат расонданд ва нафари саввум баъд аз насби як бомб рӯи як худрави зиреҳӣ, ба нақб бозгашт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha