25 Ноябр 2025 - 14:03
Source: ABNA
Урдун: Исроил беш аз 500 бор оташбаси Ғаззаро нақз кардааст

Вазири умури хориҷаи Урдун аз сабти беш аз 500 мавриди нақзи оташбаси Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Ҷазира, Айман Ас-Сафадӣ, вазири умури хориҷаи Урдун, дар суханони имрӯзаш таъкид кард, ки ин кишвар ба талошҳои худ барои поён додан ба ҷанги Ғазза ва таҳқиқи субот дар минтақа идома медиҳад.

Вай илова кард, ки беш аз 500 мавриди нақзи тавофуқи оташбаси Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ сабт шудааст. Авлавият дар Ғазза бозсозии ин новарӣ ва бозгашти зиндагӣ ба ҳолати табиии худ аст. Бояд оташбас дар Ғазза тасбит (мустаҳкам) шавад. Кумакҳое, ки то кунун вориди Навори Ғазза шуда, кофӣ нест.

Пештар низ Ҳозим Қосим, сухангӯи ҷунбиши Ҳамос, таъкид кард, ки масири ҳаракат ба самти марҳилаи дувуми оташбаси Ғазза печида (мураккаб) аст ва ин ҷунбиш ба тааҳҳудоти худ амал карда, аммо режими саҳюнистӣ ҳамчунон дар ҳоли нақзи оташбас аст.

Вай илова кард: Тадовоми ин раванд метавонад боиси аз байн рафтани тавофуқи оташбас шавад ва ин масъала аз сӯи ҷунбиши Ҳамос ба миёнҷигарон дар ҷараёни музокироти Қоҳира иблоғ шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha