Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Ал-Ҷазира», маркази ҳуқуқии «Бетселем» таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ аз октябри 2023 то кунун, ҳазор ва се фаластиниро дар Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расонида ва дар ҳоли иҷрои поксозии қавмӣ дар ин минтақа аст.
Ин маркази ҳуқуқӣ бо интишори гузорише эълом кард: «Исроил дар Каронаи Бохтарӣ даст ба поксозии қавмӣ задааст ва ҳеҷ созукори дохилӣ ё хориҷии фаъоле барои ҷилавгирӣ аз он вуҷуд надорад.»
Дар гузориши ин марказ омадааст, артиши Исроил аз октябри 2023, сиёсати тирандозии безандоза ва номаҳдудро дар Каронаи Бохтарӣ дар пеш гирифта ва ҳатто ҳазорон шаҳракнишинро дар шаҳракҳои Каронаи Бохтарӣ мусаллаҳ ва ҷалб кардааст.
Ин гузориш тасриҳ кард: «Шаҳракнишинон ҳаррӯза ба фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ ҳамла мекунанд ва комилан аз муҷозот дар амон ҳастанд ва бо вуҷуди мустанадсозии бештари ҳамлаҳои шаҳракнишинон, мақомоти иҷрокунандаи қонуни Исроил ба нудрат таҳқиқотеро дар ин замина оғоз мекунанд.»
Ин маркази ҳуқуқӣ таъкид кард: «Дар 21 маврид, ки шаҳракнишинон фаластиниҳоро ҳадаф қарор додаанд, ҳеҷ маҳкумияте аз сӯи Исроил содир нашудааст.»
Your Comment