Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз шабакаи «Ал-Маёдин», Сароё-ул-қудс, шохаи низомии Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, дар баёнияе хитоб ба миллати Фаластин, уммати арабӣ ва исломӣ ва нерӯҳои Ҳизбуллоҳ, шаҳодати Ҳайсам Алӣ Таботобоӣ, фармондеҳи ҷиҳодии Ҳизбуллоҳро таслият гуфт ва ӯро «размандае шуҷоъ, яке аз сутунҳои муқовимати исломӣ дар Лубнон ва намоди меҳвари муқовимат ва пуштибони гурӯҳҳои фаластинӣ» тавсиф кард.
Сароё-ул-қудс таъкид кард, ки «аҳди мо идомаи масири Қудс, масири шаҳидон ва тадовуми ҷиҳод ва дифоъ аз Фаластин ва муқаддасоти он то озодии комили ин сарзамин аз ишғоли саҳюнистҳост.»
Катибаҳои Шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии Ҷунбиши Ҳамос, низ дар баёнияе шаҳодати Ҳайсам Алӣ Таботобоӣ, масъули фармондеҳии низомии муқовимати исломӣ дар Лубнон, дар пайи ҳамлаи ҳавоии ҷинояткоронаи режими Исроил ба Доҳияи ҷанубии Байрутро таслият гуфт ва аз нақши шаҳид «Сайид Абуалӣ» дар пуштибонӣ аз мардуми Фаластин ва муқовимати онон дар ҷараёни набарди «Тӯфони Ақсо» қадрдонӣ кард.
Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе, расман шаҳодати фармондеҳи бузурги ҷиҳодӣ, Ҳайсам Алӣ Таботобоӣ, ро эълом кард. Ӯ дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи якшанбеи режими Исроил ба як апартамони маскунӣ дар маҳаллаи Ҳора Ҳарики Доҳияи ҷанубии Байрут ба шаҳодат расид; ҳамлае, ки бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон, панҷ шаҳид ва 28 захмӣ ба ҷой гузошт.
Your Comment