Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз "Русия Ал-Явм", шабакаи "Си-Би-Эс" ба нақл аз манобеи амрикоӣ гузориш дод, ки «Дониёл Дрискол», вазири артиши Амрико, бо аъзои як ҳайати русӣ дар Абу-Дабӣ дар тӯли рӯзи гузашта дидор кардааст ва ин нишаст дар тӯли имрӯз сешанбе низ идома хоҳад ёфт.
Манобеи мазкур таъкид карданд, ки қарор аст як нишаст миёни ду тараф дар тӯли имрӯз баргузор шавад ва онҳо дар хусуси роҳҳои поён додан ба ҷанги Укроин райзанӣ (машварат) кунанд.
Музокироти мазкур дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Трамп ба тозагӣ тарҳеро ироа додааст, ки бар асоси он Укроин бо додани имтиёзҳое ба Русия ба ҷанг дар ин кишвар поён медиҳад.
Your Comment