Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз "Маъо", рӯзномаи "Исроил Ҳаём" гузориш дод, ки режими саҳюнистӣ дар сояи коҳиши ҷамъияти сокинони сарзаминҳои ишғолӣ, дар пайи ҷазби як миллион яҳудӣ аз саросари ҷаҳон дар тӯли 10 соли оянда аст. Ин дар ҳоле аст, ки мушкилоти молӣ, ихтилофоти дохилӣ ва ноамнӣ боис шуда, саҳюнистҳо тарҷеҳ диҳанд ба кишварҳои аслии худ бозгарданд.
Бар асоси ин гузориш, мақомоти саҳюнистӣ қасд доранд нерӯҳои мутахассисро дар заминаҳои пизишкӣ, омӯзиш, молӣ ва ғайра ба сарзаминҳои ишғолӣ ҷазб кунанд, чаро ки дар сели фирори саҳюнистҳо аз ин минтақа, нерӯҳои таҳсилкарда ва моҳир дар раъси онҳо қарор доштанд.
Амалиётҳои муваффақонаи нерӯҳои муқовимати Фаластин, Лубнон ва Яман боис шуда, сокинони сарзаминҳои ишғолӣ дигар ин минтақаро амн надонанд.
Your Comment