25 Ноябр 2025 - 14:02
Source: ABNA
Дафтари расонаии Ғазза: Нисфи мардуми Ғазза рӯзона ҳеҷ ғизое дарёфт намекунанд

Дафтари расонаии Ғазза эълом кард, ки бар асоси омори ироашуда аз сӯи режими саҳюнистӣ, дасти кам нисфи мардуми Ғазза дар тӯли рӯз қариб ҳеҷ ғизое дарёфт намекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, дафтари расонаии давлати Ғазза бо интишори гузорише эълом кард, ки наздик ба 42 дарсад аз сокинони Навори Ғазза ҳеҷ ваъдаи ғизоӣ дар тӯли рӯз дарёфт намекунанд ва 58 дарсади боқимонда низ танҳо ба як ваъда дастрасӣ доранд.

Ин гузориш дар вокуниш ба иддаои ҳамоҳангкунандаи режими саҳюнистӣ мабнӣ бар тавзеъи беш аз як миллион ваъдаи ғизо дар рӯз, таъкид кард, ки арқоми мунташиршуда аз сӯи режими ишғолгар, эътирофе ошкор ба сиёсати аъмолшудаи гуруснагӣ ва контроли умдӣ (қасдонаи) ҷараёни ғизо дар Ғазза аст.

Бар асоси ин гузориш, ҳамоҳангкунандаи саҳюнист иддао кардааст, ки 1,4 миллион ваъдаи ғизо ба сурати рӯзона дар Ғазза тавзеъ мешавад. Аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба ҷамъияти 2,4 миллионнафарии Ғазза, ин мизон танҳо 58,3 дарсадро пӯшиш медиҳад. Яъне 42 дарсади ҷамъият (ҳудуди як миллион нафар) рӯзона ҳеҷ ғизое дарёфт намекунанд.

Бар асоси ин гузориш дарёфти ҳатто як ваъдаи ғизоӣ низ камтар аз ҳадди ақали стандарти лозим барои бақо аст. Бо фарзи миёнгини 400 грамм барои ҳар ваъда, маҷмӯъи ғизои воридшуда, 560 тонна дар рӯз мешавад, дар ҳоле ки ниёзи воқеии ҷамъияти Ғазза 2400 то 2600 тонна аст.

Давлати Ғазза таъкид кард, ки ин арқом нишон медиҳад камтар аз як чаҳоруми ниёзи воқеии ғизоӣ вориди Ғазза мешавад. Ин гузориш дар бораи иддаои тавзеъи 3,5 миллион қурси нон низ иброз дошт, ки саронаи ҳар фард танҳо 1,4 қурси нони кӯчак дар рӯз аст; мизоне, ки ҳатто барои кӯдакон кофӣ нест ва нишондиҳандаи саҳмиябандӣ (нороб) шудани нон ва расидани шароити ба остонаи қаҳтӣ (гуруснагии сахт) аст.

Бар асоси ин баёния, режими саҳюнистӣ эълом кардааст, ки 270 ҳазор бастаи ғизоӣ дар як моҳ тавзеъ шуда, ки танҳо барои 1,3 миллион нафар кифоят мекунад. Ин арқом нишон медиҳад, ки ҳар хонавода танҳо як бастаи ғизоӣ дар моҳ дарёфт мекунад, ки ин мизон бисёр пойинтар аз ҳадди ақали ниёзи якмоҳа аст.

Дафтари расонаии давлати Ғазза таъкид кардааст, ки ин додаҳо нишон медиҳад режими саҳюнистӣ на танҳо ба тааҳҳудоти инсонӣ ва мафоди оташбас пойбанд нест, балки ба таври систематик монеи вуруди кумакҳо мешавад ва сиёсати гуруснагиро дар Ғазза ташдид мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha