Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Ал-Ҷазира», расонаҳои ибронӣ гузориш доданд, ки дар сояи густариши тарсу ваҳшат дар сарзаминҳои ишғолӣ нисбат ба вокуниши эҳтимолии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба далели шаҳодати Ҳайсам Таботобоӣ, яке аз фармондеҳони барҷастаи ин ҳизб дар асари ҳамлаи Тел-Авив алайҳи Доҳияи ҷанубии Байрут, паноҳгоҳҳои сарзаминҳои ишғолӣ дар минтақаҳои наздик ба марзҳои Лубнон дубора боз шудаанд.
Ин паноҳгоҳҳо дар замони ҳамлаҳои густурдаи муқовимати Лубнон алайҳи минтақаҳои саҳюнистнишин дар ҷабҳаи шимолӣ мавриди истифодаи ишғолгарон қарор мегирифт.
Қобили зикр аст, Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Доҳияи Байрут, 4 нафари дигар илова бар шаҳид Ҳайсам Таботобоӣ ба шаҳодат расиданд.
Your Comment